• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

100 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ ШУРАВӢ

Бо ибтикори кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 декабри соли 2022 бахшида ба 100-солагии таъсисёбиии ИҶШС таҳти унвони «Иттиҳоди Шуравӣ: таърих ва хотироти таърихӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тибқи барномаи таҳияшуда мизи мудаввар дар ду бахш бо фарогирии 21 маъруза кори худро оғоз намуд, ки дар он масоили мухталиф, аз ҷумла таъсисёбӣ, мушкилоти давраи пасазинқилобӣ, дастовардҳо ва омилҳои барҳамхӯрии ИҶШС мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мизи мудавварро муовини декан оид ба корҳои илмӣ, дотсент Умаров А. оғоз бахшид ва дар ҷараёни маҳфили илмӣ устодони факултети таърих ва ҳуқуқ: мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т, Т. Наҷмуддуддинов, дотсентон Н. Давлатбеков, М. Шаропова, М. Буриев,  Ғ. Роҳатов маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки 30-юми декабри соли 1922 дар Анҷумани якуми шуроҳо ИҶШС таъсис ёфта, дар ҳайати ин давлати абарқудрат дар умум 15 ҷумҳурии иттифоқӣ, 20 ҷумҳурии мухтор, 5 вилояти мухтор, 10 округи миллӣ ва 6 кишвар арзи вуҷуд дошт. Иттиҳоди Шуравӣ дар давоми 70 соли мавҷудияташ ба комёбиҳои баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмӣ–техникӣ мушарраф шудааст.

 

Дар ҳамоиш ишора гардид, ки аз охири солҳои 70-уми асри 20 нишонаҳои рукуди низоми сотсиалистӣ ба назар мерасид, ки дар натиҷа ба заволи он оварда расонид. Ҳамин тариқ, 8-9-уми декабри соли 1991 дар бешазори Беловежскии Белорусия созишнома оид ба барҳам додани ИҶШС миёни сарони се кишвар: Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Украина ва Белорусия ба имзо расид. Дар натиҷа, 25-уми декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М.С. Горбачев тариқи оинаи нилгун барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравиро расман эълон кард.

Иштирокдорони маҳфили мазкур дар ниҳояти он аз баргузории чунин як маҳфили хотирмон изҳори қаноатмандӣ карданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj