• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН КУМАКПУЛӢ ДОДА МЕШАВАД!
22-юми декабри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вохӯрӣ бо ятимону маъюбон дар остонаи Соли нави мелодӣ дастур фармуд, ки ба 140 нафар ятимону маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм новобаста аз идрорпулии (стипендия) ҳамешагӣ, кумакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дода шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвари маҳбубамон сарчашма гирифта, ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд набояд худро ҳаргиз яккаву танҳо ҳис кунанд. Маврид ба зикр аст, ки тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон шуруъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба 92 нафар ятимони кул ва маюбони гурӯҳҳои 1-ум дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳар моҳ кумакпулии иловагӣ дода мешавад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj