• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ”

Дар таърихи 24 декакбри соли 2022 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба тарғиб ва ҷалби иштиёқмандон ба маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро аз номи Раёсати донишгоҳ мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ин ташаббус бевосита аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин тарҳрезӣ гардидааст. Тибқи дастури роҳбари донишгоҳ бояд озмуни “Шоҳномахонӣ” таъсис гардида, шартҳои ба довталабони ин озмун пешниҳод карда шавад. Дар идома зикр гардид, ки озмун аз ҳозир оғоз гардида, ниҳояти он дар арафаи иди “Наврӯз” ҷамъбаст мешавад. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, профессор Исрофилниё Шарифмурод оид ба мавқеъ ва аҳамияти “Шоҳнома” ибрози андеша ронд ва зикр кард, ки маҳфили “Шоҳномахонӣ” аз ҷумлаи усулҳои маърифатии мардуми тҷоик ба шумор меравад. Дар ниҳояти маҳфил аз тарафи як қатор донишҷӯён ба таври ихтиёрӣ порчаҳо аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қироат гардид.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj