• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ҶИҲАТИ ТАҲЛИЛИ НУКТАҲОИ ПАЁМ

Дар таърихи 26 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ҷиҳати таҳлили нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони  «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки барномаи маҳфили мазкур бо ташаббуси ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. таҳия гардидааст. Дар навбати нахуст Сангинзод Д.Ш. дар мавзӯи “Мавқеъ ва нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат”, сипас устодон Зикирзода Ҳ. дар мавзӯи “Рушди соҳаи маориф – масъалаи калидии Паёми Пешвои миллат”, Рауфов Р. дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори пешгирии мушкилоти тағирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ”, Аюбов Д. дар мавзӯи “Таҳлили ҷанбаҳои иқтисодии нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва Назаров Д.,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди кафераи ҳуқуқ таҳти унвони Масъалаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳои бъайналмилалӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаҳои хешро ироа  карданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Паёми Сарвари давлат ифодакунандаи возеҳи рушди самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар мебошад, зеро  тамоми  барномаҳои  кории ҳама ниҳодҳои давлат тавассути ҳамин санад  баррасӣ  мешаванд.Аз ин рӯ баррасӣ ва матраҳ намудани нуктаҳои рисолати Президенти мамлакат дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд ба ҳайси як амри маъмулӣ амалӣ гардад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj