• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИҚДОМИ НАВБАТИИ  РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Дар таърихи 28 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пешвози Соли нави мелодии 2023  чорабинии идона ҳамроҳ бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро  Айнулозода Наҳтулло, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълим ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии ректори Донишгоҳ, муҳтарам  Ибодуллозода Аҳлиддинро ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳо мебояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд. Бо ҳамин назардошт ректори донишгоҳ тасмим гирифтанд, ки намояндагони ин қишри ҷомеаро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз нигоҳи молиявӣ ва бо туҳфаи солинавӣ руҳбаланд намоянд. Дар чорабинӣ инчунин Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, садорати факултетҳо, як қатор роҳбарони сохторҳо ва дар ин баробар 60 нафар донишҷӯён, ки ятимону нафарони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ мебошанд, иштирок доштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ  раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодону кормандон Зикирзода Ҳобилҷон ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов низ сухан ронда, ҳозиринро ба муносибати Соли нави мелодӣ шодбош гуфтанд. Дар идома аз тарафи раёсати донишгоҳ ба ятимону нафарони дорои нуқсонҳои маъюбӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ кумакпулии махсус,  тӯҳфаҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд. Дар ниҳояти чорабинӣ  ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj