• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Чӣ тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар таърихи 24 декабри соли  2022  бо ибтикори Донишкадаи Конфутсий, ки дар  назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, дар  байни омӯзгорони забони чинии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Муаллими сол"баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки омӯзгори кафедраи  забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шаҳзодаи Маҳмадлатиф дар  озмуни мазкур  ширкат варзида,  мақоми  аввалро  ишғол намуд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 намояндагони донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар аксар озмунҳои сатҳи баланд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ишғоли ҷойи аввал аз ҷониби омӯзгори донишгоҳ Шаҳзодаи Маҳмадлатиф дар ин баробар  ҳар як омӯзгорро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фаъолияти хеш таҳрик медиҳад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj