• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАВРАИ  ҶАМЪБАСТИ КУРСҲОИ ЗАБОНОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН

Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” курсҳои омӯзишии семоҳаи забони русӣ ва англисиро барои устодон ва кормандони донишгоҳ, ки тибқи ҷадвали баргузорӣ аз 5 октябри соли 2022 роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд.Дар фарҷоми курс сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М. бо иштироки омӯзгорони фаннӣ ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои таълим бо шунавандагони курс санҷишу имтиҳонҳо ташкил намуданд. Дар рафти имтиҳон асосан дар атрофи мавзуъҳои зерин: Тоҷикистон ватани азизи ман; Душанбе - пойтахти Тоҷикистон; таърихи таъсисёбии донишгоҳ; тарҷумаи ҳол ва дигар масъалаҳои муҳим суолу пурсишҳо анҷом ёфтанд. Бояд қайд намуд, ки дар курси забономӯзии забони англисӣ аз 110  нафари бақайдгирифташуда 80 нафар фаъолона иштирок намуда, талаботи нақшаи таълимиро иҷро намуданд. Дар курси забономӯзии забони русӣ аз 135 нафари бақайдгирифташуда 75 нафар фаъолона ширкат варзида талаботи нақшаи таълимиро иҷро намуданд. Дар маҷмӯъ 155 нафар шунавандагони курсҳои забономӯзии забонҳои русӣ ва англисӣ бо супоридани имтиҳони даври ҷамъбастӣ  соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj