• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ

Дар таърихи 3 январи соли 2023 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳайати профессору устодон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳо дар ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар раванди баромади хеш ректори донишгоҳ доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм, иқтисоду хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар соли 2023 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷом як қатор устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳову олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта буданд, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин як қатор устодоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, бо мукофотҳои раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузор намудани интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, матбааи донишгоҳ барои иштироки фаъол дар намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи донишгоҳ барои ишғоли ҷойи дуюм дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, донишҷӯи курси панҷум Собирова Зарина барои иштироки фаъол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯи соли чорум Назриддинзода Саидҷон барои иштироки фахол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бо ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоиҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд нафар устодони донишгоҳ ба музокира баромада, фаъолияти муассисаро қаноатбахш ҳисобиданд. Дар ниҳояти ҷаласа ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин қайд кард, ки дар соли 2023 ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои баландтар бояд дучанд заҳмат ба харҷ диҳанд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj