• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ПЕШРАВӢ АЗ ДУРУСТИИ КОР ВОБАСТА АСТ!
Имрӯз, 9-уми январи соли 2023 бо ширкати Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҷаласаро аз пурсиши ҳисоботи ҳафтаинаи масъулин ва деканони факултетҳо оғоз намуда, зимнан аз бемасъулиятии деканони факултетҳои психология, забони русӣ, география, забони англисӣ, химия ва маркази техникӣ ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда пешниҳод накардани ҳисобот ёдовар шуд.
Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти илму таълим, аз ҷумла, нақшаҳои инфиродӣ, саоатҳои таълимӣ, мақолаҳои омӯзгорон, ҳолати иштироки магистрону унвонҷӯён дар дарсҳо, таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии раванди баргузории имтиҳонҳо, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, интизоми донишҷӯёну омӯзгорон, изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани масъалаҳои мазкур ва инчунин атрофи масъалаҳои муҳими дигар низ дастур дод.
Зимнан Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ муовинону деканон ва дигар масъулини бахшҳоро ёдовар шуд, ки вакте мехоҳед, ки дар коратон пешрафт бошад, мушкилотро пинҳон накунед, балки пешниҳод намоед то дар ҳамбастагӣ ҳалли мушкилотро пайдо кунем.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj