• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.


Таърихи кафедра

Алҳол дар факулта ду кафедра: кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ва кафедраи забони фаронсавӣ ва методикаи таълими он фаъолият намуда, забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ (ҳамчун ихтисоси дуюм) таълим дода мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки собиқ кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, ки соли 1973 таъсис дода шуда буд, баъди ба факултаҳои алоҳида тақсим шудани факултаи забонҳои хориҷӣ номи «Кафедраи лингводидактика»-ро соҳиб шуд. Ба кафедраи мазкур устодон Рашид Убайдуддоев (1973-1976), Павлина Сатская (1976-1983) ва Хайрулло Сайфуллоев (1983-2008) роҳбарӣ кардаанд. Моҳи апрели соли 2008 ба хотири муттаҳид намудани кафедраҳо аъзоёни кафедраи лингводидактика ба кафедраҳои забони олмонӣ ва кафедраи забони фаронсавӣ гузаронида шудаанд.

Дар кафедраи забони олмонӣ устодони зерин вазифаи мудирии кафедраро иҷро кардаанд: доктори илмҳои филологӣ, профессор Михаил Александров (1941-1951), саромӯзгор Любов Букатина (1951-1957), саромӯзгор Эмма Валтер (1957-1964), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев (1964-1972), саромӯзгор Александра Калинушкина (1972-1978), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ (1978-1984), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1984-1988), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова (1988-1992), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (1992-1993), саромӯзгор Мария Бурҳонова (1993-1995), дотсент Рустам Деҳотӣ (1995-1998), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (1998-2003), саромӯзгор Нафасшо Шозедов (2003-2008), саромӯзгор Зведамо Нурова (2008-2012),  дотсент Хайрулло Сайфуллоев (2012 то имрӯз).

Робитаи устодони факултаи забонҳои романию германӣ бо донишгоҳҳои Олмон, Австрия, Фаронса ва Белгия қавӣ аст. Устодон Сайфуллоев Х., Шозедов Н., Сафаров М., Нурова З., Қосимова Р., Абдулхайрова С., Сайфуллоева З., Хоркашева З., Пардаева Ш., Ҷӯрабеков К., Ғуломова З. дар донишгоҳҳои Берлин, Бонн, Магдебург, Кёлн, Вена, Клагенфурт, Гратс, устодони забони фаронсавӣ Мухторов Ш., Султонов С., Шоев М., Қурбонов Т., Муҳиддинов Т., Ҷумъаев Т., Шодиева М. ва дигарон дар донишгоҳҳои Порис, Безансон, Рошфор, Авинйон ва ғайра такмили дониш ва коромӯзӣ кардаанд. Ҳар сол қариб 10 нафар устодону шогирдони факулта тавассути ДААД (Хадамот оид ба табодули академикӣ) ва таклифи донишгоҳҳои Ғарб ба Олмону Фаронса ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили забон фиристода мешаванд. Дотсент Сайфуллоев Х. дар донишгоҳҳои Клагенфурт (Австрия) ва Бамберг (Олмон) аз рӯи китобҳои дарсии таълифнамудаи хеш дарси забони тоҷикӣ гузаштааст. Ҳоло панҷ сол аст, ки чунин курсҳои интенсивии забони тоҷикӣ барои донишҷӯён аз донишгоҳҳои Олмон ва Фаронса дар назди шуъбаҳои забони олмонӣ ва забони фаронсавӣ баргузор мегарданд. Бо ташаббуси сафорати Австрия соли 7-ум аст, ки устодони ҷавони утришӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорони забони олмонии факулта таи ду ҳафта забони олмонӣ ва фарҳанги утришӣ меомӯзанд. Устодони факулта бо олимони кишварҳои номбаршуда дар таҳияи муҳовара ва луғатҳои дузабона, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ҳамкории зич доранд.

Соли 2009 дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ бахшида ба ифтихори100-солагии шахсияти бузург – устод Раҳим Бурҳонов Анҷумани чаҳоруми омӯзгорони забони олмонӣ таҳти унвони «Такмили таълими забони олмонӣ дар муассисаҳои таълимии ҶТ дар шароити ислоҳоти мактабу маориф» гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар омӯзгорон аз макотиби миёна ва олӣ, кормандони масъули Вазорати маорифи ҶТ, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои дахлдор, Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи маориф, намояндагони сафоратҳои Австрия ва Олмон дар ҶТ, ДААД, ПАД ва Институти ба номи Гёте иштирок намудаанд.

Дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он бо шарофати истиқлолияти ҶТ мутахассисони баландпояи забони олмонӣ машғули таълиму тадрисанд. Устодони  собиқадори кафедра: номзади илмҳои педагогӣ,  профессор Болтабаева У.Т., доктори илмҳои педагогӣ,  раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон - Олмон профессор  Сайфуллоев Х. Г., номзади  илми  сиёсатшиносӣ, дотсент  Сайфуллоева З. Х., номзади илмҳои филологӣ,  дотсент Қарахонов М.,  номзади илмҳои педагогӣ Камолова Б.Б., омӯзгорони калон Шозедов Н., Сахарова В.В., Бурҳонова М.И., Валихоҷаева З.Н., Ахмедова Г., Мусоева Р.А, Нурова З., Хоркашова З., Куҷов Р., Қосимова Р., Абдулхайрова С., Сафаров М., Каримова Ҳ., ассистентон Ҷӯрабеков К., Раҷабов Х., Раҷабова Ф., Холмуминова М., Каримова Б., Амакиев Ю, Акрамова Ш., Ортуқова С., Ғуломова Ф., Ғуломова З., Саидмуродова Г., Раҷабова П.  ва дигарон дар солҳои гуногун ба донишҷӯён забони олмониро омӯзондаанд. Дар солҳои Истиқлолияти ҶТ тавассути хадамоти ДААД омӯзгорони соҳибзабони зерин ба донишҷӯён ва устодони ҷавон дарси забони олмонӣ гуфтаанд: Кристиан Райхард, Томас Штайнбах, Винфрид Бернд, Кай Франке, Тим Кангро, Элизабет Пфлугер, Михаела Вертман, Артур Рапп, Бетина Вайнгертнер ва ғайра ба донишҷӯён аз фанни Кишваршиносӣ ва инкишофи нутқи шифоҳӣ дарс мегӯянд. Бо ташаббуси намояндагони Хадомоти мубодилаи илмии Олмон (ДААД) ҳафтае як маротиба барои омӯзгорони забони олмонӣ низ семинар баргузор мегардад, ки боиси баланд бардоштани дараҷаи забондонӣ ва таҷрибаи омӯзгории онҳо мегардад.

Маҳорати касбии омӯзгорони кафедра аз  ҷониби сафоратҳои Олмон,  Австрия, Хадамоти мубодилаи илмии Олмон (DAAD),  Институти Гёте баланд бардошта мешавад. Ҳамасола омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи забони олмонӣ дар шаҳрҳои Берлин,  Мюнхен, Магдебург, Бамберг,  Кёлн, Вена дониши худро такмил медиҳанд.

Профессор Сайфуллоев  Х. Г. ва омӯзгори калони кафедра Шозедов Н. ба навиштани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёна машғул буда, аксари китобҳои таълифнамудаи онҳо чоп гардидаанд.

Теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ дар марказҳои фарҳангии дур аз Тоҷикистон чоп гардидаанд ва ин тимсоли барҷастаи қадр кардани онҳо аз тарафи соҳибони бевоситаи забони аслӣ мебошад. Гурӯҳи муаллифон, устодони соҳибтаҷрибаи забони олмонӣ Болтабаева У. Т., Белякова Г. А., Сайфуллоев Х. чандин китобҳои дарсиро таълиф ва пешкаши хонандагон намуданд: Болтабаева У. Т., Белякова Г. А., Сайфуллоев Х. Забони немисӣ  (синфи 7). - Душанбе, 1992; Арипова Б., Франс Дотер, Сайфуллоев Х. Муҳовараи тоҷикӣ-олмонӣ. Фасли А: муколама. - Душанбе-Клагенфурт, 1997; «Муҳовараи тоҷикӣ-олмонӣ». Фасли Б: калимот ва феҳрист. - Душанбе, Клагенфурт, 1997; Сайфуллоев Х. Забони немисӣ (барои синфи 8). - Душанбе, 1998; Сайфуллоев Х. Забони тоҷикӣ (зинаи аввал, анвори дониш). - Клагенфурт, 1998; Сайфуллоев Х. Забони тоҷикӣ (зинаи миёна. Сайқали дониш).- Клагенфурт, 1998; Сайфуллоев Х., Дотер Ф. Қиссаҳои ду фарҳанг. – Душанбе-Клагенфурт, 2002.

Интишор додани асарҳои бисёр муҳими дипломатиеро аз қабили луғати    олмонӣ-тоҷикӣ   (муаллифон   Сайфуллоев  Х.  Г.,   Шозедов  Н., А. Сангинов, Арипова Б. ва Жеҳак Лутс) дар ҳаҷми 55 000 калимаю ибора ва луғати тоҷикӣ-олмониро (муаллифон Сайфуллоев Х. ва Франс Доттер)  дар ҳаҷми 15 000 калима метавон ном бурд, ки дар пешрафти илми лексикографияи тоҷикию олмонӣ саҳми бузурге ба ҳисоб меравад.

Омӯзгорони кафедра бо тарҷумаи асарҳои  забони олмонӣ ба тоҷикӣ машғул мебошанд:  Шозедов Н., Куҷов Р. «Дили сард». - Душанбе, 2003;  Шозедов Н., Ғуломова Ф. З. «Вақте ки Флупс хурдтар шуд». - Душанбе, 2004;  Шозедов Н., Раҳимова М. «Афсонаҳо». - Душанбе,  2007 ва ғайраҳо.

 

Омӯзгорон

 

Хайрулло Сайфуллоев
номзади илмхои филология 1982, дотсент 1986
Соли таваллуд 1948
Соли 1970 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва соли 1982 Донишгохи Марксизм-Ленинизмро хатм намудааст.
Ихтисос:  омӯзгори забони олмонӣи, сиёсатшинос


Зведамо НУРОВА
аз сентябри соли 1997 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
*Соли таваллуд 14 июли соли 1969
соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст *Ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ



Фирӯза Раҷабова
аз сентябри соли 2012 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
Соли таваллуд 25 марти  соли 1990
соли 2012 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст Ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ

Зиёдамо Хоркашова
аз сентябри соли 2001 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
*Соли таваллуд 2 октябри  соли 1966
соли 1988 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст *Ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ

Раҳматулло Куҷов
аз сентябри соли 1997 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
cоли таваллуд 17 августи1967
соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ

Камол  Чӯрабеков
соли таваллуд: 09.08. 1981
ихтисос: филологи забони олмонӣ
тел.919-17-30-71.

Муҳаббат Холмуминова
аз октябри соли 2012 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
соли таваллуд 29 сентябри  соли 1975
соли 1997 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ ва англисӣ

Маҳмадрасул Қарахонов
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
аз сентябри  соли 1993 дар кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он ба ҳайси муаллими забони олмонӣ кор мекунад
Соли таваллуд 04.12.1967
соли 1993 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст Ихтисос омӯзгори фанни забони олмонӣ ва англисӣ

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj