• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ БАРҚАРОРУ ИНТИҚОЛ ҲАМЕША ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР ДОРАД

Имрӯз, 10-уми январи соли 2023 Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаи назоратӣ дар толори Шӯрои олимон баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати таълим ва сармутахассисони ин бахш, муовинони декан оид ба корҳои таълимӣ ва методистону коргузорон ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ҷаласаро аз пурсиши рафти ҳуҷҷатгузории фаъолияти комиссияи интиқолу барқарор дар факултетҳо оғоз намуда, масъулинро барои саривақт омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастур дод. Наҳтулло Айнуллозода ҳамзамон зимни ҷаласа масъулинро огоҳ намуд, ки дар рафти фаъолияти комиссияи интиқолу барқарор монеа эҷод нашавад ва донишҷӯёну нафарони корафтода дар доираи талабот дастгирӣ карда шавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj