• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАСТЧОҲ
Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ин навбат шуруъ аз 14 январи соли 2023 дар ду муассисаи таълимии ноҳияи Мастчоҳ: коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи кишоварзӣ бо иштироки 30 нафар шунаванда курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро роҳандозӣ намуд. Устодони донишгоҳ Саидов Низомиддин, Ҳомидов Бобоҷон ва Азимов Музаффар ба шунавандагони муассисаҳои мазкур дарс мегӯянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj