• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ШАҲРИ НОРАК

Дар таърихи 18-уми январи соли 2023 дар Марказии таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад, оид ба натиҷаҳои фаъолияти он дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 ҷаласаи ҷамъбасти ҳамин давр баргузор гардид. Дар он директори марказ Саидов Баҳодур баромад намуда,зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми таҳсилот, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дар маҷмуъ, нимсолаи аввали соли таҳсили 2022 – 2023 тибқи талаботи муқарраршуда ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии фанҳои таълимӣ ва сифати таълим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди соҳаи маориф равона гардидаанд, чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, дар давоми нимсолаи дуввум амалӣ карда мешаванд. Дар ин баробар кормандони марказ дар музокираҳои хеш натиҷаҳои ин даври фаъолияти марказро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj