• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МАСОИЛИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ТИПОЛОГӢ

Дар таърихи 15 феврали соли 2023 бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети забон ва адабиёти рус таҳти унвони “Масоили мубрами забоншиносӣ ва таҳлили муқоисавӣ-типологӣ” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., профессори Донишгоҳи славянии Росияву Тоҷикистон Гусейнова Т.В., профессори кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Нозимов А.А., профессори Донишгоҳи давлатии Тирмиз Бакиров П.У. ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Панҷиев Н.П. ширкат намуданд. Конференсияро декани факултет Исломова Ҷ. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, профессор Сангинзод Д.Ш. сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Дар шароити ҳамкориҳои мустаҳками байналмилалӣ талабот мутахассисоне, ки забонҳои русиву англисиро хуб баладанд. Аз ин рӯ зарурат пеш омадааст, ки шаклу методҳои тадриси забонҳои русӣ ва англисӣ боз ҳам мукаммалтар карда шаванд.” Дар идома Гусейнова Т.В. оиди масъалаҳои мубрами тадриси забони русӣ ба ғайрирусҳо, профессор Нозимов А.А. дар бораи масъалаҳои сотсиолингвистика, профессор Бакиров П.Н. оиди аҳамияти омӯзиши забони русӣ, Панҷиев Н.П., перомуни ҳамсадоҳои ҷуфти охири калима дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ маърӯза карданд.

Қобили зикр аст, ки кори конференсия дар се бахш идома ёфта, дар онҳо зиёда аз 100 маърӯза шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj