• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН

24 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо хатмкунандагон  ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони касбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директорони литсей, гимназия ва мактабҳо иштирок карданд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло оғоз намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкории донишгоҳ бо Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи шаҳр хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар асоси шартномаи ҳамкорӣ дар 35 мактаб донишҷӯёни донишгоҳ ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд. Дар идома муовини сардори муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҷамила Мусоҷонзода баромад карда, оид ба шароит ва имконоти муассисаҳои таълимии шаҳр ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод карданд. Зикр карда шуд, ки ҳоло зиёда аз 450 нафар хатмкардагони ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт фаъолият доранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Наҳтулло Айнуллозода ба хатмкунандагон бобати фаъолияти омӯзгорӣ пас аз хатми донишгоҳ тавсияҳо дода, ба меҳмонон барои ҳамкории пурсамарашон арзи сипос намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj