• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РИОЯИ НИЗОМИ МЕҲНАТ БАРОИ ҲАМА ҲАТМИСТ

Имрӯз, 15 марти соли 2023 таҳти раёсати муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода бо иштироки муовинони ректор ва садорати факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили марбут ба интизоми меҳнат, сару либос ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа Наҳтулло Айнуллозода таъкид намуд, ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ оид ба интизоми меҳнат аз тарафи кормандону устодони факултетҳо бояд риоя карда шавад ва дар ҳолати ошкор шудани вайронкунии талаботи низоми меҳнат аз ҷониби кормандону омӯзгорон нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Зимнан ба садорати факултетҳо супориш ироа гардид ки ҳузури устодону кормандонро дар мавқеи кор дар зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати риояи либоси намунавии донишҷӯён аҳамияти хосса зоҳир намоянд. Инчунин Наҳтулло Айнуллозода ба муовинони ректор ва садорати факултетҳо ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврӯз супоришҳои мушаххас дод.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj