• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ИДОМАИ ҲАМКОРӢ: ТАВАҶҶУҲИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ЗИЁД АСТ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи донишгоҳ ва низоми таълиму тарбия ҷидду ҷаҳд менамояд.
26-апрели соли ҷорӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона бо намояндагони Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон мулоқоти корӣ доир намуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми таҳсил, аз ҷумла дар бораи муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои лабараторӣ бо лавозимоти муосир барои омӯзиши фанҳои дақиқ (STEM), синфхонаҳои компютерӣ барои таҳсилоти фосилавӣ (E-learning) ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд. Намояндаи Бонки рушди Осиё зимни баррасии масъалаҳо ёдовар шуд, ки Бонки рушди Осиё аз ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қаноатманд мебошад ва омодагии ташкилоти худро барои идома додани ҳамкориҳо дар ин самт омода аст.
Дар интиҳои мулоқоти судманд ва ҷамъбасти он тарафҳо ба хулоса омаданд, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда дар ояндаи наздик ҳамкориро идома хоҳанд дод.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj