• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ

Возможно, это изображение 4 человека, Овальный кабинет, помост и текстДар тарърихи 4 майи соли 2023 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, ҷонишини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Филипп Иду, масъули бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе, як қатор кормандони сафорат, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарифова Мушаррафа, кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар”, аз ҷумла Амалхонум Гаҷиева ва омӯзгорону донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавӣ Султонзода Соқӣ ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор Қурбонзода Рухшона дод. Зимни суханронӣ Қурбонзода Рухшона ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, муовини сафир Филипп Иду дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ такаллум мекунанд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд. Баъдан, саҳна ба ихтиёри омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси забони франсавӣ гузошта шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён бо овозу мусиқии зинда бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ суруд хонда, табъи ҳозиринро хуш гардониданд. Сипас, саҳначаи театрӣ бо забони фаронсавӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин карда шуд. Донишҷӯён ҳангоми намоиш аз худ ҳунари воло нишон дода, таваҷҷӯҳи ҳозирин, хусусан меҳмонони фаронсавиро ба худ ҷалб намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj