• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ БОЛОРАВИИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ
Дар таърихи 17 майи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, доир ба ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои коррупсионӣ на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст. Аз ин рӯ дар ин ҷода тамоми аҳолии кишвар бояд камари ҳиммат бандад. Коррупсия омили боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, харобии иқтисодиёт ва фалаҷ гаштани ҷомеа мебошад. Сӯйистифода аз вазифа, тасарруфи амволи шахсӣ аз намуди амалҳои коррупсионӣ мебошанд, ки боварии мардумро ба давлат заиф мегардонанд.
Дар фарҷом аз ҷониби профессор Дониёр Сангинзод ба ашхоси масъул супориш ҷиҳати ироаи муҳтавои маърузаи намояндаи мақоми давлатӣ ба донишҷӯён ироа гардид.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj