• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 6 человек31-уми майи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - поягузори сулҳу субот дар Тоҷикистон" мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сармутахасиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита Саодат Исайнӣ, корманди бахши таҳлил ва иттилооти кумита Ҷонибек Давронов, олимону муҳаққиқони ҷавон ва як қатор донишҷӯён ширкат намуданд. Зикр карда шуд, ки Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки бо ҷасорат ва иродаи қавӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги бародаркушу хонумонсӯз раҳо дод. Пешвои миллат тавонист, ки дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор карда, аркони давлатдории миллиро эҳё намояд.
Дар фарҷом ба як қатор иштирокчиёни фаъол сипоснома кумита тақдим карда шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj