| Хабарҳо |
|
АБАРМАРДИ ДУНЁИ СИЁСАТ
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.Маҳз дар рӯзи 16 ноябр таҷлил намудани ин санаи фархунда бесабаб нест, зеро дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Роҳи дар ҷодаи сиёсати бузург пешгирифтаи Сарвари давлат пур аз шебу фарозҳо, моломоли ташаннуҷу нобасомониҳо, мушкилоту азиятҳо буд. Он замон Тоҷикистон дар оташи ҷанги ҳамватан месӯхт, хавфи пора-пора гардидану аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани он мавҷуд буд. Неруҳои сиёсии вайронкор бо дастгирии хоҷагони берунаи худ ба оташи низои дохилӣ равған рехта, шуълаҳои онро дар гӯшаю канори Тоҷикистон мебарафрӯхтанд, ки дар натиҷа ҳазорон хона ба коми оташ рафт, бародар ба дасти бародар кушта шуд, ҳазорон нафар овораю бесарпаноҳ гардида, тоҷик дар ватани аҷдодии худ ғарибу гурезаю бехонумон гашт. Рукнҳои давлат амалан фалаҷ гардида, Тоҷикистон ба умқи буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ фурӯ рафта буд.
Бо амри таърих дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, Тоҷикистони дар ҳоли низоъ дар симои ин шахсияти бедордилу шуҷоъ, ҷавонмарди дилсӯзу бонангу номус роҳбари воқеии худро дарёфт. Дар замири поку беолоиши ин шахсияти баргузида, аз лаҳзаи аввали интихоб гардидан ба ин мансаби олӣ муҳаббати мардум ва меҳри ободии зодбум маъво гирифта буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди истиқлолро аз таҳкими сулҳу субот, ба Ватан бозгардонидани гурезагони иҷборӣ ва бунёди рукнҳои асосии давлатдорӣ – қабули Конститутсия, Парчам, Суруди миллӣ, бунёди Артиши миллӣ оғоз кард. Дар роҳи мустақилият мушкилот афзун буд, вале мардуми бонангу номуси тоҷик бо заҳмат онҳоро паси сар кард, суботро пойдор ва рукнҳои асосии давлатдориро пойбарҷо намуд ва Тоҷикистон чун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.
Сиёсатшиносон ва коршиносони масоили иҷтимоӣ барқарории сулҳу таҳкими амниятро аз дастовардҳои муҳимтарини Эмомалӣ Раҳмон баршумурдаанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ буданро ҳам дӯстон ва ҳам мухолифони Президент бидуни тардид қабул доранд. Дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки риштаи ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, кори саҳлу сода набуд. Ба Ватан бозгардонидани гурезагон, ба ҳаёти осоишта сафарбар намудану бо манзил таъмин намудани онҳо ва фароҳам овардани шуғл ба ниёзмандон аз ҷумлаи корҳои таърихие буданд, ки бо камоли кордонӣ фарҷоми нек пазируфтанд.
Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткӯш раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайримумкин буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи босубот ва ҳуқуқасоси дунявӣ ҳамвор кард.
Тавъам будани қавлу амал аз хислатҳои дигари Президент ба шумор меояд. «То гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро ҳамчун Сарвари давлат осуда эҳсос намекунам» - чунин буд қавли нахусти Президент, ки аз минбари иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон садо дод. Сарвари давлат барои амалӣ намудани ин қавл тамоми ҳастияшро ба кор дод, домони ҳиммат бар заду беш аз як миллион гурезаро аз Афғонистону Покистон, Эрону Русия ва мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ ба сарзамини аҷдодӣ бозовард. Бунёди нақбу роҳҳо, дар шароити буғранҷи иқтисодӣ тақсими замин ба деҳқонон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ ва идомаи сохтмони НБО-и Роғун аз тавъам будани қавлу амали Президент далолат мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина сабзид, афкораш, ҷаҳонбинияш, тафаккураш доманадор ва ғанӣ гардида, ӯро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар низоми давлатдории ин сиёсатмадори бедордил ҷойгоҳи хосса пайдо кард. Дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ омили асосии таҳкимбахши давлати миллӣ маънидод мегарданд ва дар ин самт идеологияи давлати навини мо, ки таҳкими суботро дар заминаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳадаф қарор додааст, кори зиёдеро дар амал татбиқ кард. Бо шарофати он тамоми мадраку афкори давлатдории миллӣ атрофи ҳамин ғояи сиёсӣ мечархад.
Пӯшида нест, ки давлати миллӣ аз забон, тамаддун, таърих сарманша мегирад. Аз ин бармеояд, ки давлат бо такя бо унсурҳои миллӣ тадриҷан ташаккул меёбад, шакл мегирад ва рушд мекунад. Давлати миллӣ маҷмуи унсурҳои ба як миллати хос мансуббударо таҷассум мекунад ва он муваззаф аст забон, тамаддун, дину оин, анъана ва дар маҷмуъ фарҳанги миллиро шакл бахшида ривоҷ диҳад. Дар ин самт нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат номи фарзонафарзандони сарсупурдаи тоҷик Садридин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва ғайраҳо ба мартабаи баланд бардошта шуда, ба онҳо унвони баландтарин – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба Пешвои воқеии мардум табдил дод. Дар остонаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварии як ҳикмати пурмаънои ниёгони хирадманди мо айни матлаб аст. Фармудаанд, ки агар сарчашма пок, зулол ва мубарро бошад, дар равиш ва гардишҳои худ ҳама шохоб, дарё ва рӯдхонаҳоро соф, беолоиш ва беғубор мегардонад. Феълан дар Тоҷикистони азизи мо ҳамин покӣ ва сафо тасаллут дорад ва сарчашмаи ин муҳити озода шахсияти шукӯҳманди Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки истеъдоду фазилати давлатдорӣ ва ҷаҳону андешаҳои сиёсии ӯ фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвари моро аз чангу ғуборҳо пок сохт ва бо паёми сулҳу ваҳдат тавонмандиҳои инсон ва ҷомеа ба офариниш ва пайкорҳои таърихии сарнавиштсоз ҳидоят бахшид. Дар партави барномаҳои дақиқу фарогир ва кору пайкори хастагинопазири Президенти мамлакат арзишҳои маънавӣ, суннатҳои ахлоқӣ ва вижагиҳои тафаккури миллии таърихӣ дар сиришти ҳокимияти сиёсӣ ва низоми давлатдорӣ авлавият пайдо намуданд. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои асосии ғояи миллии давлатдории навини мо, ки дар меҳвари он Пешвои миллат қарор доранд, ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад. То имрӯз усулу асосҳо ва афзалиятҳои ин сиёсат, ки аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, амнияту суботи ҷомеа ва таъмини рушди Тоҷикистон иборатанд ва онҳоро Пешвои миллат дар ин солҳо ба арзишҳои асосии миллат табдил додаанд, тағйир наёфта, балки бештар мушахастар шуда ва ба шароити муосир мувофиқ гаштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи сиёсии дар тӯли солҳо андӯхта ба мактаби давлатдории хосса бунёд гузоштанд. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби одамият, тарғиби амалҳои солеҳ ва башардӯстӣ аст. Ин мактаб дар сафи худ қишрҳои гуногуни ҷомеаро муттаҳид намудааст ва ҳадафи ниҳоии он бо бунёдкорӣ ва ободонӣ ба саодат расонидани миллат мебошад. Як гурӯҳ сиёсатмадорон, ҷомеашиносон, олимон, шоирону нависандагон ва назарияпардозони ин мактаб аз кору пайкор ва ташаббусу иқдомҳои Президенти мамлакат илҳом гирифта, чун созандагони назарияи нави давлати миллӣ барои ба зинаи нави рушд расидани Тоҷикистон заминаи маънавӣ мегузоранд. Хизмати бебаҳои онҳоро бо ҳеҷ гуна арзиши моддӣ чен кардан имконият надорад, зеро мавқеи ватандӯстонаи онҳо бебаҳост, онҳо муҳофизони манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва амнияту суботи кишвар ва нигаҳбонони марзҳои мафкураи миллиянд.
Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат соҳаи маориф ҷойгоҳи умдаро дорост. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо кӯшишу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат дар замони Истиқлол соҳаи маориф рушд намуда, таълиму тарбия ҳамқадами замон шуд, насли нави омӯзгорон бо тафаккури тозаи эҷодӣ рӯйи кор омад, симои омӯзгор чун чеҳраи намунавии инсони нави замони Истиқлол пазируфта шуд. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул гардид, ки барои балданд бардоштани шаъну шарафи омӯзгор заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба ин минвол, бунёди ҷомеаи донишмеҳвар аз ҳадафҳои роҳбурдии Президенти маҳбуби мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар чунин ҷомеа сулҳу субот авлавият касб намуда, баҳри ҳамагон шароити зиндагонии шоиста муҳайё мегардад, созандагиву бунёдкорӣ авҷ мегирад, миллат пеш меравад, давлат рушд мекунад, ҷомеа обод мегардад.
Бо шарофати сиёсати хирадмеҳвару маорифпарвару созандаи абармарди дунёи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Баъди побарҷо намудани рукнҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, бунёди иншооти муҳими мавриди ниёз, минҷумла мактабу биноҳои маъмурӣ, таккон бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти наву замонавӣ нақши меҳварӣ пайдо намуданд. Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо афроди миллатдӯсту меҳанпараст ва ватанхоҳ дар паҳлуи Сарвари давлат қарор доранд, ки ҳамарӯза дар нияти пеш гирифтани иқдоми тоза ба манфиати ҷомеа мебошанд. Дар ин фароянд заҳматҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми ҷолиб доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани чунин иқдомоти созанда кофист, ки симои ин фард ба сифати абармарди ҷаҳони сиёсат ва номбардори чеҳраи миллат дар ойинаи чеҳранамои башарият ба таври дурахшон таҷаллӣ намояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
|
