• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Бо иқдоми раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба бошандагони Муассисаи давлатии шаҳрии шифохонаи бепарасторони ноҳияи Фирдавсӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдакони №1»-и шаҳри Душанбе кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.
Дар доираи ин иқдоми инсондӯстона, роҳбарият ва намояндагони донишгоҳ бо сокинон ва тарбиятгирандагони ин ду муассиса мулоқот намуда, ба онҳо
маводи озуқа ва дигар кӯмакҳои заруриро тақдим карданд. Илова бар ин, аз ҷониби донишгоҳ дастархони идона ороста шуда, барои бошандагон шароити гарму самимии идона фароҳам оварда шуд.
Ин иқдом бо ҳадафи дастгирӣ аз табақаи ниёзманд, таҳкими арзишҳои инсонпарварӣ ва густариши фарҳанги кӯмак ба ҷомеа роҳандозӣ гардид.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj