| Хабарҳо |
|
БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ
Рӯзи 17.11.2025 дар факултети психология ҳисоботи солона оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони факултет баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И., сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Ф., саркотиби Шуроҳои диссертатсионӣ Вализода Ҷ., декани факултет, дотсент Саидзода Н. ва мудирони кафедраҳо ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии солонаи омӯзгорони факултет декани факултет, дотсент Саидзода Н. ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Зимни суханронӣ, қайд гардид, ки дар соли 2025 корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултети психология дар доираи 4 кафедра: педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ, психологияи умумӣ ва педагогӣ ва психологияи умумидонишгоҳӣ мувофиқи 4 самт, 4 масоил ва 4 мавзуъ баррасӣ гардидаанд.
Дар факултети психология, дар маҷмуъ, 35 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз инҳо дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии соли 2025, 30 нафар ширкат варзидаанд.
Тақсимоти устодон ба соҳаҳои илм: 1 нафар номзади илмҳои филологӣ (аз ҷумла 1 нафар зан), 13 нафар номзади илмҳои педагогӣ (аз ҷумла 7 нафар зан), 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, профессор (аз ҷумла 1 нафар зан), 2 нафар номзади илмҳои психологӣ мебошанд. Синни миёнаи устодони унвондори факултет 45 сола мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар назди 4 кафедраи факултет: 13 нафар магистр таҳсил менамоянд. Аз моҳи январи соли 2025 фаъолияти нашриявии устодони факултет чунин ба назар мерасад: 5 монографя, 4 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ, 3 воситаи таълимӣ, 46 мақолаи КОА ҶТ, 48 мақолаи байналмилалӣ, 61 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва 81 мақолаи илмӣ-омавӣ (нашрияи омӯзгор, конференсияҳои донишгоҳӣ ва сомонаи донишгоҳ) чоп шудааст.
Иқтидори илмии факултети психология дар соли 2025 – 45,7%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 8,56% афзудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки омӯзгорони факултети психология бо мақсади баланд бардоштани саводнокии психологӣ дар ҷомеа, ташаккули тафаккури мустақили ҷавонон, кӯмак ба ҳалли мушкилоти инфиродӣ ва иҷтимоӣ, ҷалби диққати ҷомеа ба масъалаҳои равонӣ, таъмин намудани муҳити солим дар муассисаҳои таълимӣ ва рушди фаъолияти касбии соҳаҳои гуногун дар давоми соли 2025 зиёда аз 75 суханрониҳо дар барномаҳои телевизионӣ ва зиёда аз 200 ташхисҳои судӣ-психологӣ гузаронидаанд.
|
