| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИЛМӢ-МЕТОДИИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГИКА
Санаи 17.11.2025 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ ҳисоботи солонаи илмии факултети педагогика баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Абдуҷалилзода Фарзона, декани факултети педагогика Азаматзода Ғайратшо ва мудирони кафедраву омӯзгорони факултет иштирок намуданд. Ҳисоботи мазкур аз тарафи муовини декан оид ба корҳои илмии факултет Саидова Сабрина манзури ҳозирин гардонида шуда,
қайд гардид, ки дар соли ҳисоботи 4 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, 2 нафарашон тасдиқ гардидаанд.Инчунин дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет 4 монография, 5 китоби дарсӣ, 7 дастури методӣ, 60 мақола дар КОА ҶТ, 3 мақола дар КОА-и хориҷӣ, 41 фишурда, 144 мақола дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамагӣ 269 маводи илмӣ ба нашр расидааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки тамоми кафедраҳои факултет дорои мавзуъҳои ҷалби илмӣ-фармоишӣ буда, фаъолияти тадқиқотӣ дар сатҳи баланд идома дорад.
Раёсати донишгоҳ фаъолияти илмии кормандони факултетро баланд арзёбӣ намуда, ба дастовардҳои минбаъда изҳори умедворӣ кард.
|
