| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
«ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ: РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»
Рӯзи 24 ноябри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ: рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.Дар конфронс намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои собиқадорони ҲХДТ ва устодону донишҷӯёни
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Меҳмонон нахуст аз намоиши дастовардҳои илмӣ ва осорхонаи донишгоҳ дидан намуда, сипас бо садо додани Суруди миллӣ ба кори конфронс оғоз бахшида шуд.
Сипас, муовини якум, муовин оид ба корҳои таълими донишгоҳ Айнулозода Наҳтуло сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ба иштирокчиён ироа намуд.
Зикр шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи арзандаи худро пайдо кардааст ва имрӯз ҳар як шаҳрванд бо эҳсоси ифтихор дар зери ин парчам фаъолият менамояд.
Дар ҷараёни конфронс Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзуи «Аҳамияти таърихӣ, ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қурбонова Руқия Атоевна, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат ва рамзҳои давлатӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ»; Фатҳиддин Замон, сармуҳаррири идораи “Амният”-и «Телевизиони Тоҷикистон» дар мавзуи «Парчами давлатӣ: ҷойгоҳ ва нақши он дар сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ» ва Маҳмудов Давлатшоҳ Хайруллоевич, омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзуи «Аз таърихи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Нотиқон баён доштанд, ки Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ, ваҳдати комил ва ҳумияти миллӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик, арзишҳои бостонӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ суруду таронаҳои зебо садо доданд, ки ба ин чорабинии ҷашнӣ рӯҳу таровати хос бахшид.
|
