| Хабарҳо |
|
НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Хизмати ҳарбӣ»-ро пешниҳоди аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ гардониданд.
Намоишнома бо ҳадафи тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон, инчунин ташаккули муносибати масъулона нисбат ба хизмати ҳарбӣ рӯйи саҳна оварда шуд. Дар ҷараёни намоиш масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъулияти ҷавонписарон дар назди Ватан, эҳтиром ба Артиши миллӣ, арзиши сулҳу субот ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияти кишвар инъикос ёфтанд.
Ҳунармандон бо маҳорати баланди касбӣ, нақшофарии таъсирбахш ва саҳнаҳои пурмазмун тавонистанд таваҷҷуҳи тамоҳобинонро ба худ ҷалб намоянд. Намоишнома дар рӯҳияи тарбиявӣ таҳия шуда, паёми асосии он — хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба таври возеҳ ба тамошобинон расонида шуд.
Чунин чорабиниҳо ҳамчун василаи муассири ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ дар самти тарбияи аҳли ҷомеа мебошад.
|
