| Хабарҳо |
|
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” ДАР МАВЗУИ “ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ”
27-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмию маърифатии «Хирадманд» дар мавзуи «Таҳкими худшиносии миллӣ дар раванди давлатдории дунявӣ» баргузор гардид.Маҳфили илмию маърифатиро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети таърих ва ҳуқуқ н.и.п., профессор М. Каримзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар азму иродаи онҳо доим такомул дода шаванд.
Дар ҷараёни маҳфил мудири шуъбаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва оммависозии илмии раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода бо баромади пурмуҳтаво доир ба таҳкими худшиносии миллӣ дар раванди давлатдории дунявӣ андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бештар аҳамияти муҳимро касб намуда, дар таъмини суботи ҷомеа ва нигоҳдории Истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ дорад.
Дар замони муосир падидаи ҷаҳонишавӣ бо рушди технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба як навъ чолиш барои фард ва дар маҷмуъ башарият гардидааст. Дар чунин шароит барои нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки худшиносии миллиро дар доираи арзишҳои ниёкон, ки таърихан ташаккул ёфтаанд, тақвият дода, насли имрӯз ва ояндаро дар руҳияи он тарбият намоем.
Дар фарҷом ҳамчун арзи эҳтиром меҳмони маҳфил Нозим Нурзода бо “Сипоснома”-и ректори Донишгоҳ қадрдонӣ гардид.
|
