| Хабарҳо |
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: «МАСЪАЛАҲОИ ТОЗАГИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ ВОЖАГОНИ БЕГОНА»
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсии навбатӣ таҳти унвони «Масъалаҳои тозагии забони тоҷикӣ аз вожагони бегона» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки омӯзгорон ва кормандон доир шуда, ба таҳкими маърифати забонӣ ва ҳифзи забони давлатӣ равона гардида буд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Султонзода С.А. баромад намуда, ба масъалаҳои тозагӣ ва солимии забони тоҷикӣ аз воридшавии истилоҳоти бегона, роҳҳои дуруст истифода бурдани луғатҳои миллӣ ва тарғиби забони аслӣ дар соҳаҳои таълим, илм ва рӯзмарра таъкид намуд.
|
