| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
РАВЗАНАИ ОШНОӢ: БЕЧОРАВОР ГИРЯ МАКУН ПЕШИ ЗИНДАГӢ…
Ӯро дар оғӯши гулҳо дарёфтем дар утоқи кораш. Бо гулҳо роз мегӯяд, суҳбат мекунад, аз онҳо зебо буданро меомӯзад. Бале, ҳамнишинӣ бо гулҳои хушранги зиндагиафрӯзи ҷонбахши руҳафзо ҷавониро ба армуғон меорад, аз ин рӯ, ӯ то кунун ҷавону сабзҷон
монда. Бибиҳафиза Маҷидова ҷавон будан, ҷавон мондан ва ҷавонӣ бахшиданро аз гулҳо омӯхтааст, зеро аз лиҳози равоншиносӣ гул ҳам ба мисли инсон нафис, нозук ва бахшоянда аст, ба мисли омӯзгор ба ҷомеа рангу бӯ мебахшад, аз тароваташ дидагон мунаввар ва аз назокаташ муҳити атроф муаттар мегардад. Дар тарафи дигар утоқаш ҷевони пуркитоб аз махзани илму дониш башорат медиҳад. Бале, ин бонуи раҳнаварди ҷодаи илм ҳам бо гул ва ҳам бо китоб алоқаи шадид дорад, гулро рамзи муҳаббат ва китобро намоди маърифат мепиндорад, ба ин хотир, ҳамбастагии муҳаббату маърифат барояш фоли нек ба ҳисоб меояд.-Мехоҳам перомуни фаъолияти илмиву эҷодӣ ва зиндагиномаи Шумо мақолае таълиф намоям, -гуфтаму мунтазири ҷавобаш гардидам.
-Шояд зарур набошад, -хоксорона посух дод ва баъди андешаи кӯтоҳ ризоият дод.
-Ба шарте суҳбат бояд дар оғӯши табиат сурат гирад, - гуфта исрор варзид. Ҳамин тавр, суҳбати мо дар боғи Истиқлоли пойтахт, дар оғӯши табиат, дар фасли аруси сол, баҳори гулбадомон ба вуқуъ пайваст.
Аз файзи суҳбати ҷонпарвари доктори илмҳои педагогика, профессор Бибиҳафиза Маҷидова асрори дунёи ниҳони ӯро метавон дарёфт. Саманди хаёлаш ӯро ба дуриҳои дур бурд, лаҳзаҳои ба Душанбе омаданашро пеши назар овард. Соли 1970 донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм карда, бо роҳхат ба шуъбаи аспирантураи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе дохил шуд. Боре дар конфронси бонуфузе суханронӣ кард, ки ба олимони соҳаи педагогика хеле хуш омад. Устоди донишгоҳ Баён Раҳимов лоёқати табиӣ ва дониши мукаммалу ҷуръати ӯро пай бурда, ба ҷодаи илм роҳнамунаш сохт. Бо шарофати устоди серталабу сахтгир Баён Раҳимов дари илму олами маърифат ба рӯяш боз шуд. Ӯро соли 1973 ба сифати устоди кафедраи таҳсилоти томактабии факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба кор қабул намуданд. Соли 1982 бо роҳбарии профессор Баён Раҳимов дар мавзуи «Таъсири тарбияи ҷамъиятӣ ба тарбияи меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ дар оила» рисолаи илмӣ дифоъ намуда, номзади илмҳои педагогӣ шуд.
Ба назари Бибиҳафиза Маҷидова тарбияи ҷамъиятӣ аз тарбияи кӯдакони синни томактабӣ оғоз мегардад. Дар тарбияи кӯдакони синни томактабӣ усули тарбияи устод нақши пуртаъсир дорад. Дар гузашта ҳам ниёгони мо ҳангоми таълими наврасони хурдсол аз усулҳои гуногун истифода мебурданд. Чунончӣ нақл мекунанд, ки гарчанде Султон Маҳмуд аз хурдӣ мисли шоҳзодаҳо заковатманд ва боақл буд, аммо барояш шӯхиҳои кӯдакона ва эркагӣ бегона набуд. Ӯ ҳангоми дарс ба муаллимаш Оқшамсиддин бисёр халал мерасонд ва вақте медид, ки қаҳри устодаш омадааст, бо макр мегуфт: "Ман писари шоҳ ҳастам, шумо ба ман ҳеҷ кор карда наметавонед".
Ин ҳолат зуд-зуд такрор мешуд. Ниҳоят, устод Оқшамсиддин ба назди падари шоҳзода Султон Мурод II рафта, шикоят кард. Подшоҳ каме андеша карда, тадбиреро ба устод пешниҳод намуд. Оқшамсиддин аз шунидани ин нақша лол монд ва хост эътироз кунад, аммо натавонист қарори шоҳро тағйир диҳад.
Ҳангоми дарси навбатӣ шоҳзода боз ба эркагӣ шуруъ кард, аммо устод хомӯшона ба дарс идома дод. Ногаҳон дар боз шуд ва Султон шахсан вориди дарсхона гашт. Дар ҳамон лаҳза Оқшамсиддин аз ҷой бархеста, бо лаҳни тунд гуфт, ки бе иҷозат ворид шудан аз бефаросатӣ аст ва халал расонидан ба дарс нишонаи беадабист. Сипас, бо қаҳру ғазаб ба рӯйи шоҳ як шапотӣ зад.
Ҳама аз ҳайрат карахт шуданд. Аммо Султон Мурод оҳиста сар хам карда, ба ақиб гашт ва аз дарсхона берун шуд. Баъд аз он, дарро оҳиста кӯфт ва дубора ворид гашт. Султон барои халалдор кардани дарс узр пурсида, дасти устодро бӯсид ва рафт.
Баъд аз он воқеа шоҳзода дигар ҳеҷ гоҳ бо устодаш баҳс накард ва дар ниҳоят бо номи Фотеҳ Султон Маҳмуд дар саҳифаҳои заррини таърих ҷой гирифт. Ин усули аҷибе буд, то раҳбарзодаҳо эрка нашаванд ва қадри устодро бидонанд.
Аз ин нақли пандомӯз метавон натиҷа бардошт, ки ҳаққи устоз баробар ва гоҳо болотар аз ҳаққи падар дониста мешавад, зеро падар сабаби пайдоиши ҷисми фарзанд бошад, устод сабаби камолоти руҳ ва ақли ӯст. Дар меҳвари пажуҳишҳои илмии Бибиҳафиза Маҷидова, бахусус дар рисолаи доктории ӯ «Нақши одату анъанаҳои миллӣ дар ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии шахсияти кӯдакон дар оила» ҳамин маънӣ авлавият дорад. Ӯ собит намуд, ки анъанаҳои миллӣ аз таълим ҷудо буда наметавонанд, истифодаи онҳо барои таълими кӯдакону наврасон зарур буда, боиси зудтар ташаккул ёфтани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо хоҳад шуд.
Бибиҳафиза Маҷидова муаллифи китобҳои дарсии пурарзиши «Педагогикаи томактабӣ» (иборат аз ду қисм), «Асосҳои таълими инклюзивӣ», «Фарҳанги истилоҳоти фарогир», «Асосҳои логопедия», «Рушди барвақтии кӯдак», беш аз 100 дастуру барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ аст. Зери роҳбарии ӯ 15 нафар рисолаи илмӣ дифоъ кардаанд. Яъне, ин бонуи соҳибмактаб дар ҷодаи илм ва доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он шахси шинохташуда аст.
Бибиҳафиза Маҷидова олими ташаббускор ва боҷуръат аст. Маҳз бо пешниҳоди номбурда дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ ихтисосҳои таълими кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва таълиму тарбияи кӯдакон камшунав ва дар заминаи ин тахассусҳо соли 2015 кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир ва дар соли 2016 факултети психология кушода шуд, ки он замон дар ҷумҳурӣ нахустин факултети мустақил ба ҳисоб меомад.
Бибиҳафиза Маҷидова худро хушбахт меҳисобад, ки амалӣ шудани пешниҳодҳояш барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд(камшунав ва камбино) роҳ кушод. Зеро тибқи маълумоти омори расмӣ дар Тоҷикистон қариб 150 000 нафар маъюбон, аз ҷумла 27329 кӯдаки маъюб ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан 1,6 фоизро аз шумораи умумии аҳолӣ ташкил медиҳад. Вазъи пурра оид ба маъюбон, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа дар Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 тасдиқ шудааст, дарҷ гардидааст. Шахсони дорои маъюбият бо дигар шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд, ки ин ҳуқуқҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сарчашма мегиранд. Дар ҳар ҷомеа ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд ва ниёзмандон ҳамвора ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд. Шахсони бемор, дорои касалиҳои руҳӣ, ношунавоён, нобиноён, ятимони кул ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд дохил мешаванд. Расонидани кумаку дастгирии мақомоти давлатӣ ба ашхоси ниёзманд ва дорои имкониятҳои маҳдуд ҳамвора дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад. Дар сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат Пешвои миллат бо кӯдакону наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд, ятимони кул ва ашхоси ниёзманд мулоқот намуда, арзи дили онҳоро мешунаванд. Аз ин рӯ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ин қишри ниёзманди ҷомеа, ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо вазифаи башардӯстонаи ҳар яки мост, - андеша дорад профессор Бибиҳафиза Маҷидова. Зеро беш аз панҷоҳ соли умри бобаракати худро ба ин касб бахшида, дар ин ҷода ба мартабаҳои баланд расида дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардидааст.
Ин олими ояндабину нуктасанҷи соҳибмактаб беш аз ним аср дар як ҷо дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор карда, ҳазорон нафар шогирдро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудааст. Номбурда ба донишҷӯён ҳамчун модар ва ба олимони ҷавон ба сифати роҳбар шинохта мешавад, маслиҳатҳои судмандашро аз ниёзмандон дареғ намедорад. Хушмуомила, боназокат, зани нуронӣ, хоксору дилсӯз аст, вале ба сахтиҳои зиндагӣ гардан надодааст, барои амалӣ шудани ташаббусҳояш пофишорӣ намуда, чун нохудои ҳадафрас киштии орзуҳояшро дар ғалаёти туфони пурмавҷи зиндагӣ беосеб ба соҳили мурод расонидааст. Шиори зиндагияш бо мисраҳои шоири тозапардоз Алимуҳаммад Муродӣ ҳамовост, ки мегӯяд:
Бечоравор гия макун пеши зиндагӣ,
К-ӯ ҳеҷ гаҳ гӯш ба афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,
Ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
Суҳбати мо бо доктори илмҳои педагогика, профессор, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 11, узви Шурои диссертатсионии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон Бибиҳафиза Маҷидова дар боғи Истиқлоли пойтахт, дар оғӯши табиат, дар фасли аруси сол ва баҳори хуррами гулбадомони сабзқабо анҷом мепазирад, вале фасли баҳору буйи гулҳои навшукуфтаи хушранги ҳӯшбанд саҳифаи тозаеро дар китоби рӯзгораш во мекунад.
Бале, фасли баҳор барои ӯ фасли шукуфтанҳо, рӯиданҳо ва сабзиданҳост. Ҳарчанд осиёби зиндагӣ ба мӯйҳояш сапедӣ ва ба чеҳрааш ожанг афканда, вале дар симои шогирдонаш ҷавонии муҷаддади худро дармеёбад.
Ба чеҳраи нурониву зиндагидидааш назар медӯзаму рамуз мегирам: кори омӯзгор осон нест, зеро дар дастгоҳи кории ӯ на оҳану бетон, балки одам сайқал меёбад, истеъдод рушд мекунад, одамият шакл мегирад…
Оре, омӯзгор зиндагисоз аст ба мисли профессор Бибиҳафиза Маҷидова…
Саидмуроди Хоҷазод,
профессор
|
