| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗ: ҲУНАРНАМОИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗӢ
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию маънавӣ, инчунин эҳёи суннату анъанаҳои ниёгон, дар ин замина Раёсати Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар ҳамбастагии бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, санаи 10 апрели соли 2026 дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур аз Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и донишгоҳ дар чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъулин ва донишҷӯдухтарон иштироки фаъолона намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллии тоҷикона дар барномаи фарҳангӣ иштирок намуда, расму ойинҳои суннатии “Ордбезон” ва “Саршуён”-ро бо маҳорати баланд ва риояи анъанаҳои миллӣ ба намоиш гузоштанд. Ин ҳунарнамоӣ ҳамчун ифодаи эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон ва ҷузъи муҳими тарғиби арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, саҳми донишҷӯдухтарон дар эҳёи суннатҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикӣ шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ дониста шуд.
Ташкили чунин чорабиниҳо, ҳамоишҳо ва иқдомҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд.
|
