| Хабарҳо |
|
УСТОД АЙНӢ – ПОЯГУЗОРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК
Рӯзи 15 апрели соли 2026 ба муносибати 148-умин солгарди зодрӯзи адабиётшинос, муҳаққиқ, шоир ва нависандаи барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, дар пояи муҷассама ва қабри устод, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ мебошад, маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Раҷабзода Сироҷиддин, деканони факултетҳо, инчунин устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷумла зикр гардид, ки Садриддин Айнӣ ҳамчун поягузори адабиёти муосири тоҷик дар рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми бузург гузоштааст.
Пас аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ ва зиёрати оромгоҳи устод Айнӣ, дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар доираи он иштирокчиён аз осори пурғановати устод шеъру порчаҳо қироат намуда, нақши беназири ӯро дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки Садриддин Айнӣ яке аз чеҳраҳои калидии таърихи адабиёти тоҷик буда, мероси адабии ӯ то имрӯз арзиши бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ дорад.
|
