| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА: МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “БОНУИ СОҲИБҲУНАР”
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва Рӯзи оила бо дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ маҳфил-озмуни донишгоҳӣ таҳти унвони “Бонуи соҳибҳунар” роҳандозӣ гардидааст.Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида, маҳфил-озмун дар факултети математика ва информатика дар сатҳи баланд ва рӯҳияи идона баргузор гардида, иштирокчиён бо ҳунару истеъдоди худ фазои чорабиниро пур аз зебоӣ, ранг ва эҳсоси гарми миллӣ намуданд.
Ҳадафи он ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳанги волои тоҷик ва дарёфти чеҳраҳои воқеан боистеъдод аз миёни бонувону донишҷӯдухтарон мебошад.
Лозим ба мариди зикр аст, ки ин озмун ба тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, эҳсоси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона мусоидат менамояд.
|
