• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРӢ БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН
14 – уми майи соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон намояндагони донишгоҳои олии кишвар бо пазироии самимӣ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон муҳтарам Ниятбекзода Вафо Алибек дидор ва мулоқот намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек суҳбати пурмуҳтаво бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба баргузор карданд.
Ҳамчунин, муҳтарам Сафир шахсан меҳмононро бо фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон шинос намуда, оид ба масъулияти кори дипломатӣ маълумоти ҷолиб ироа карданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj