| Хабарҳо |
|
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Шоми имрӯз (16.05.2026) дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии идонаи ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ ба
ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғи ба номи устод Рӯдакӣ баҳри болидахотирии сокинону меҳмонон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.Дар чорабинӣ сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамзамон дастовардҳои илмии омӯзгорон ва донишҷӯён ба маҳрази тамошои меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе гузошта шуданд.
|
