| Хабарҳо - Тарбия |
|
ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ГЕОГРАФИЯ МУАРРИФӢ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таваҷҷуҳи унвонҷӯёну докторантон мерасонад, ки шурои диссертатсионии 6D.KOA-127 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060900 – География (6D060901-Географияи табиӣ ва биогеография, географияи хок ва геохимиям
ландшафтҳо ва 6D060902 – Географияи рекреатсионӣ, сайёҳӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ), инчунин оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз рӯйи ихтисоси 1.6. Заминшиносӣ ва муҳити зист (1.6.1. Географияи табиӣ ва биогеография, географияи хок ва геохимияи ландшафтҳо ва 1.6.2. Географиям рекреатсионӣ, сайёҳӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ) ба фаъолият шуруъ намуд ва дар муаррифии шуроҳои мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.х., профессор Раҷабзода Сироҷиддин, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон, сармутахасиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Ҷаъфарӣ Амиршо, саркотиб ва аъзои шуроҳои диссерататсионии 6D.KOA-127-и назди Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
