| Хабарҳо - Тарбия |
|
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАШ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид. Дар он муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, омӯзгорон ва кормандон иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласа пас аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аҳамияти ҷамъбасти фаъолияти нимсоларо дар муайян намудани вазифаҳои минбаъда муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идома муовинони ректор оид ба таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ ҳисоботи худро пешниҳод намуда, аз дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот доданд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки дастовардҳои бадастомада самараи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва илмпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба соҳаи маориф барои рушди устувори муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, фаъолияти сохторҳои донишгоҳ таҳлил гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа фаъолияти донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ гардида, масъулин барои иҷрои босифати вазифаҳои минбаъда муваззаф карда шуданд.
|
