| Хабарҳо - Тарбия |
|
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ФЕДЕРАЛИИ ШИМОЛӢ (АРКТИКӢ) БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВ БА ДОНИШГОҲ
3 июли соли 2026 ҳайати намояндагони Донишгоҳи федералии шимолӣ (арктикӣ) ба номи М.В. Ломоносови Федератсияи Россия таҳти роҳбарии сардори шуъбаи рушди содироти таҳсилот П.С. Голомидова ба донишгоҳ ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот
намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро муайян карданд.Хотиррасон менамоем, ки мулоқоти мазкур дар доираи мувофиқаҳои ҳосилшуда пас аз иштироки намояндагони донишгоҳи мазкур дар Фестивали сеюми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ, ки моҳи апрели соли 2026 баргузор гардида буд, амалӣ шуд. Ҳамзамон оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаҳои магистратура, рушди табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин ташкил ва баргузории конфронсу семинарҳои муштарак мубодила афкори судманд сурат гирифт.
Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикии илмию таълимии байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад.
|
