| Хабарҳо - Тарбия |
|
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ШАШМОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар пешрафти самти кори таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисоду хоҷагидорӣ кӯшишу талоши пайваста ба харҷ дод. Дар ин давра ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими мақоми муассиса ҳамчун маркази омодасозии омӯзгорони касбӣ корҳои назаррасро анҷом доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ фаъолияти таълимиро дар асоси талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. - Айни ҳол дар донишгоҳ 17902 (13318 духтар) донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз онҳо 6048 нафар (2913 духтар) рӯзона ва 11854 нафар (10405 духтар) ғоибона аст. - Дар донишгоҳ 19 ҳазор донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз онҳо 6 ҳазор нафар рӯзона ва 13 ҳазор ғоибона аст. - Дар донишгоҳ таълим аз рӯйи 93 ихтисос ба роҳ монда шудааст. - Фаъолияти 14 факултет ва 63 кафедра таъмин гардид. - Теъдоди гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ аз 34 ба 54 адад расонида шуд. - Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорон 1459 адад дарси видеоӣ таҳия гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (995 адад) 464 адад зиёд буда, аз рушди фаъолияти рақамикунонии раванди таълим шаҳодат медиҳад. - Дар ин давра барои шуъбаи рӯзона 13 ихтисоси нав ва барои шуъбаи ғоибона 8 ихтисоси нав таъсис дода шуда, бақайдгирии довталабон аз рӯйи онҳо идома дорад. - Дар доираи такмили сохтори донишгоҳ факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ба ду факултети мустақил — «Факултети забони англисӣ» ва «Факултети забони хитойӣ ва кореягӣ» — ҷудо карда шуд. - Дар ин давра 780 нафар донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум барои гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ ба муассисаҳои гуногуни таҳсилотӣ сафарбар гардиданд. - Дар соли таҳсили 2025–2026 дар шакли пилотӣ як қатор ихтисосҳо имтиҳонҳои давлатии хатм тавассути низоми Маркази миллии тестӣ баргузор гардид. - Соли ҷорӣ 744 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ барои гузаштани таҷрибаи дарозмуддати педагогӣ ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд. - Имсол донишгоҳро 72 н. хатмкунандагон (32 бакалвр ва 40 магистр) бо дипломи аъло хатм намуданд (соли гузашта 36 н, 16 н. бакалавр ва 20 н. магистр). - Гирандагони стипендияи Президентӣ аз 6 нафари соли қаблӣ ба 10 нафар расид. - Хонандагони литсейи назди донишгоҳ дар шаш моҳи соли 2026 дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 26 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (15 ҷой) 11 ҷой бештар мебошад. Яке аз самтҳои фаъолияти донишгоҳ рушди илму таҳқиқот ва тақвияти иқтидори илмии ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон мебошад. - Сатҳи таъминот бо кадрҳои илмӣ беҳтар гардида, ҳиссаи омӯзгорони соҳибунвон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ба 52,5 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 фоиз зиёд мебошад. - Теъдоди докторон ва номзадҳои илм аз 315 нафар ба 336 нафар расида, 21 нафар афзоиш ёфт. - Аз ҷониби омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 26 рисолаи илмӣ дифоъ гардид, аз ҷумла 8 рисолаи докторӣ, 9 рисолаи номзадӣ ва 9 рисолаи доктори фалсафа (PhD), ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12 нафар зиёд мебошад. - Дар донишгоҳ 4 шурои нави диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои таърих, забон, химия ва география ба фаъолият оғоз намуда, шумораи умумии онҳо ба 8 адад расид. Ҳамзамон, барои таъсиси боз 2 шурои нав аз рӯйи ихтисосҳои фалсафа ва методикаи таълими забон ва адабиёт корҳои омодагӣ идома доранд. - Аз ҷониби муҳаққиқони донишгоҳ 37 монография ба нашр расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (24 адад) 13 адад зиёд мебошад. - Дар ин давра 33 китоби дарсӣ аз чоп баромад, ки аз онҳо 10 адад ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тааллуқ доранд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 китоб, аз ҷумла дар самти илмҳои дақиқ 2 китоб бештар мебошад. - Фаъолияти нашриявии донишгоҳ низ рушди назаррас дошта, шумораи умумии мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ аз 1156 адад ба 1351 адад расид, ки 195 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аз 260 ба 342, мақолаҳо дар маҷаллаҳои Web of Science ва Scopus аз 6 ба 10, мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ҶТ ва ФР аз 416 ба 478, мақолаҳо дар маҷаллаҳои РИНЦ аз 113 ба 125, мақолаҳо дар «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» аз 347 ба 362 ва мақолаҳои методӣ аз 14 ба 34 адад расиданд. - Дар самти ҷалби маблағгузории илм айни ҳол 4 лоиҳаи илмӣ ва 1 гранти президентӣ (ҳамагӣ 5 лоиҳа) амалӣ мегардад. - Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, 2 нафар сазовори унвони «Олими сол», 1 нафар унвони «Магистранти сол» гардиданд. Ҳамчунин, 21 нафар ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», 17 нафар ба даври шаҳрии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», 5 нафар ба даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», 7 нафар ба даври шаҳрии озмуни «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...» роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» 2 нафар сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд. Донишҷӯёни донишгоҳ инчунин дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шуда, дар озмуни «Ҷавонон муқобили коррупсия» 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардид. - Дар ин давра, дар донишгоҳ 591 чорабинии илмӣ баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 чорабинӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, 9 конференсияи байналмилалӣ, 11 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 17 конференсияи донишгоҳӣ, 181 семинари илмӣ, 120 мизи мудаввар, 272 маҳфили илмии назди кафедраҳо, 3 маҳфили «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», 3 маҳфили «Шоҳномахонӣ» ва 5 маҳфили «Хирадманд» ташкил ва баргузор шуданд. - Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳ дар ин давра барои 241 нафар омӯзгорону кормандони 9 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро ташкил ва баргузор намуд. Дар донишгоҳ ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд. - Қисми тарбия дар шаш моҳи соли 2026 дар асоси нақшаи корӣ беш аз 450 чорабинии гуногуни ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳиро бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ баргузор намуд. - Бо мақсади татбиқ ва назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 47 дарси кушоди тарбиявӣ ва 100 вохӯриву суҳбат бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Донишгоҳ ҳамкориҳои байналмилалиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди стратегӣ арзёбӣ намуда, робитаҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ густариш медиҳад. - Бо мақсади иштирок дар ду раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ — «QS (Quacquarelli Symonds)» ва «Times Higher Education World University Rankings» корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ба таври низомманд ба роҳ монда шуданд. - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи илмӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS (Elsevier) ба қайд гирифта шуд. - Дар самти рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ бо барномаи «Эфекта»-и Британияи Кабир роҳандозӣ гардида, тавассути он зиёда аз 50 омӯзгор ва беш аз 500 донишҷӯ ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб шуданд. - Дар доираи барномаҳои табодули академӣ 26 нафар донишҷӯ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус, Корея ва Қазоқистон фиристода шуданд. - Ҳамчунин, 2 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос ба Русия ва Олмон ва 16 нафар барои иштирок дар конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба Англия, Фаронса, Русия, Ҳиндустон, Туркманистон, Озарбойҷон, Корея, Чин ва Узбекистон сафарҳои корӣ анҷом доданд. - Теъдоди донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил 350 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз 8 кишвар: Афғонистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Покистон, Русия, Хитой ва Корея мебошанд. - Дар самти беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, кор дар бинои истиқоматии 15 ошёна иборат аз 140 хона барои омӯзгорон оғоз гардид. Хулоса Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 фаъолияти худро бо масъулияти баланд идома дода, барои рушди низоми маорифи миллӣ, омода намудани омӯзгорони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва таҳкими мавқеи худ ҳамчун муассисаи пешрафтаи таҳсилоти олӣ қадамҳои устувор гузошт. |
