| Хабарҳо |
|
ДАР ХОБГОҲИ №9-И ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ТАЪМИРӢ ИДОМА ДОРАНД
Дар хобгоҳи №9-и омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ корҳои ободониву таъмирӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти омӯзгорон идома доранд.Дар доираи корҳои анҷомдодашуда кормандони хобгоҳ дарвоза ва панҷараҳои ҳудуди онро рангубор намуда, ба намои зоҳирии бино ва муҳити атроф таровати тоза бахшиданд. Ҳамзамон, барои нигоҳдории ҳудуд ва беҳтар намудани ҳолати техникии иншоот корҳои зарурии таъмирӣ анҷом дода шуданд.
Илова бар ин, кошинҳои шикастаи қисматҳои алоҳидаи хобгоҳ таъмир ва иваз карда шуда, барои таъмини ҳолати хуби роҳравҳо ва дигар ҷойҳои истифодаи умумӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Қобили зикр аст, ки ин иқдомҳо идомаи корҳои ободониву таъмирии қаблан анҷомдодашуда дар хобгоҳи №9 буда, ба фароҳам овардани муҳити тозаву озода ва шароити муносиб барои зиндагии омӯзгорон равона гардидаанд.
Корҳои ободониву созандагӣ дар хобгоҳи №9 ва дигар биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва иншооти иҷтимоии донишгоҳ тибқи нақша идома доранд.
|
