| Хабарҳо |
|
ШОМИ ФАРҲАНГИИ “ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ФИРДАВСӢ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорону кормандон, донишҷӯён, инчунин сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Шоми фарҳангӣ бо барномаи ҷолибу рангини ҳунарии ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ баргузор гардида, иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, оҳангу рақсу сурудҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшид.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
|
