• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Эй ҷавон, боадаб бош…

Оре, адаб тоҷест, ки аз нури Илоҳӣ офарида шудааст. Шахсе, ки ин тоҷ дар сар дорад, дар ҳама ҷо сарбаланду болонишин ва соҳибэҳтиром аст. Мардум мегӯянд: «Сарчашмаи имон адаб аст». Бале, адаб ҳусни инсон ва ҷавҳари аслии ҳастии ӯст. Ба қавли шоир:

Боадаб бош, ки бузург шавӣ,

Ки бузургӣ нишонаи адаб аст.

 

Ҳар як инсонро одоби хубу хоксорӣ, рафтори намунавӣ, забони ширин, кирдору рафтори некаш аз ҳамсолон тафовут мебахшаду ҳамнишини бузургон мегардонад.

Шахсе аз устодаш панд хост. Устод чунин фармуд: ёд ор, нигоҳ дор, фурӯ хӯр, ҷамъ кун, маҳкам соз, бибур, бипайванд, бипӯш, бидеҳ ва бистон. Шогирд аз ин суханони пӯшидаи устод дар ҳайрат афтода, пурсид: Эй устоди азизам, ки ҳаққи шумо аз ҳаққи падар болои ман зиёд аст, ман аз ин суханеони шумо чизе  нафаҳмидам. Устод гуфт:

- Ёд ор ҳамеша Ҳақро, нигоҳ дор амонатро, фурӯ бар хашмро, ҷамъ кун илмро, маҳкам соз иродаро, бибур аз ҳамнишини бад, бипайванд бо накӯён, бипӯш айби мардум, хайр кун, бидеҳ то замоне қувват дорӣ, бистон мукофоти пириро. Аз шахсони суханчину дурӯғгӯй канораҷӯӣ намо, ки онҳо дар фароғат бо ту рафиқӣ кунанд ва ҳангоми мусибат аз ту рӯй гардонанд.

Ҷавони некному саодатманд ҳеҷ гоҳ худситоию худписандӣ намекунад. Вале мутаассифона, имрӯз сафи ҷавонони бемаъсулият нисбат ба худу ҷомеа бисёр шудааст. Одобу рафтори ҷавонон то ҳадде коҳидааст, ки не ҳурмати падару модар медонаду не ҳурмати пиру ҷавону не ҳурмати устодон. Ин «вирус» бемориест, ки ҳар ҷое назар кунӣ, ба назар намоён аст. Бархе аз ҷавонон хеле дашномгӯю дағалрафторанд. Онҳо бо дағалию рафтори ношоистаи худ атрофиёнро озор медиҳанд. Ин гуна ҷавононро дар бисёре аз ҷойҳои ҷамъиятӣ дучор шудан мумкин аст. Онҳо, ҳатто, дар ҳузури калонсолону духтарон, ки ҳамсини апаву хоҳаронашон ҳастанд, ҳар чӣ ба даҳонашон ояд, мегӯянд. Аммо фикр намекунанд, ки ин рафтори ношоистаи онҳо ба кӯдакон чӣ хел таъсири манфӣ мерасонад.

Мутаассифона, дар мо одат шудааст, ки масоили тарбияро фақат бар дӯши мактабу омӯзгорон ҳавола мекунанд. Дар ҳоле ки агар  як шабонарӯз 24 соат бошад, шогирд дар назди омӯзгорон ҳамагӣ 4-5 соат ҳузур дорад, 18-19 соат дар назди падару модар. Сарчашмаи таълиму тарбия аз оила маншаъ мегирад. Донишманде ба падару модарон чунин гуфтааст: «Агар шумо кӯдакро то 5 –солагӣ дуруст таълиму тарбият надиҳед, аз нав таълиму тарбият кардан лозим меояд». Дар тарбияи ҷавонон бояд аввал оила, волидайн ва баъдан ҷомеа, пирони солору таҷрибаандӯхта саҳмгузор бошанд. Онҳоро ба роҳи неки инсонӣ ҳидоят намоянд. Агар кас дониши зиёд дошта бошаду одоби хуб надошта бошад, ӯ ҳеҷ вақт ба қуллаи мурод намерасад. Зеро «аввал одобу баъд дониш» ва ё ин ки «олим шудан-осон, одам шудан-мушкил» гуфтаанд.

Меҳроҷиддин Қаҳҳорзода, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj