• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.


math.png - 43.50 Kb

 

 

Неъматов Ғолиб Нуралиевич

Декани факултети математика,
номзади илмҳои техникӣ

Телефон:   988439691

E.mail:  N.Golib.mail.ru

 

 

 

Неъматов Ғолиб Нуралиевич 02 – уми октябри соли 1983  дар деҳаи Зиддеҳи  ноҳияи  Варзоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами №21 – и деҳа,  соли 2000 ба факултети математика, шуъбаи математика - информатикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  (пеш ба номи Қ.Ҷӯраев) дохил шуда, онро соли 2005  хатм намудаст.

Аз соли 2006 –ум то инҷониб дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон, муовини декан оид ба илм, мудири кафедраи Технологияи информатисонӣ ва коммуникатсионии факултети математика,  ва айни ҳол бошад дар вазифаи декани факултети математика адои хизмат намуда истодааст.

Дастовардҳои  илмӣ ва илмӣ- методиаш дар маҷаллаҳои ватанӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд. 30 – юми апрели соли 2019 дар мавзӯи «Влияние  перехoдных  металлoв  на изменение теплофизических и термoдинамических  свoйств углерода» рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, онро бомуваффақият дифоъ намудааст. Бо ифтихорнома ва аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Неъматов Ғ.Н. муаллифи   зиёда аз 70 мақолаи илмӣ  ва  якчанд дастури таълимӣ ва методӣ  мебошад. Инчунин дар таҳияи  барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои «Информатика», «Информатика – математика», «Математика - информатика»  саҳми арзанда дорад.


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj