• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

 

Таърихи мухтасари кафедраи фалсафа


Кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ соли 1961 ташкил шудааст. Нахустин мудири кафедраи фалсафа Арбоби шоистаи илм, доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҷабов Мусо Раҷабович буд. Сипас мудирии кафедраро он солҳо олимаи ҷавон н.и.ф. Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна (1924-2013) оянда файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1968), профессор (1988) бар душ мегирад. Дар ташаккул ва рушди кафедраи фалсафа Ғаффорова М. Қ. саҳми бузурги худро гузоштааст. Солҳои 1979-1988 Ғаффорова М. Қ. Ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро дар душ дошта, дар таълим ва тарбияи ҳазораи мутахассисони варзида дар ҷодаи илм ва пешаи омузгорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Аз соли 1988 то нафасҳои охирин (2013) дар кафедра ба шогирдон дарс гуфтанд. Фарзандони фарзонаи миллат ба мисли профессорон Одилов Н. Ф., Шоҳимардонов Э. А., Шарипов И. Ш., Салимов Н. С., Парпиев Н. П., Элбоев Ҳ., Хуморов Д., Вазиров З., Идибеков Н., Султонов У., Одинаев Ё., Шокиров Р., Солеҳҷонов Р. ва дигарон дар кафедраи фалсафа фаъолияти пурсамар доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии азизамон кафедраи фалсафа мақоми пешсафии анъанавии хешро идома дода дар тарбия намудани мутахассисони арзандаи илмию омӯзгорӣ нақши муҳим бозидааст.

Олими ҷавон доктори илмҳои фалсафа профессор Самиев Б. Ҷ. аз соли 2009 сарварии кафедраро ба ӯҳда гирифта дар тарбияи олимони соҳаи фалсафа нақши бузург дорад. Сипас мудирони кафедра Бердиев Ш. П., Назариев Р. З., Зикиров Ҳ. Ҳ. дар давраи фаъолияташон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас доранд. Дар кафедра аз фанҳои фалсафа, этика, Мантиқ, Фарҳангшиносӣ, сотсиология, таърихи маданияти ҷаҳон, таърихи дин, фалсафаи илм, фалсафаи ҳуқуқ, гносеология, геополитика, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи таҳсилот, фалсафаи маданиятфалсафа ва методологияи илмба донишҷӯён, магистрон ва аспирантону унвонҷӯён устодони варзида дарс мегӯянд.

Аз ҷониби устодон Назариев Р. ва Самиев Б. китоби дарсии «Фалсафаи илм» (2015) ба табъ расидааст. Аз ҷониби Самиев Б. ва Давлатов Р. китоби дарсии «Фалсафа» (2011) ба табъ расидааст. Ҳамчунин аз ҷониби Бердиев Ш. ва Шомуродов Б. китоби дарсии «Этика» (2016) аз чоп баромад, ки дар асоси талаботҳои замон омода гардидаанд.  Дар айни замон дар кафедра 13 нафар кормандони тасвибӣ ва 6 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият доранд. Вазифаи мудирии кафедраро дар айни замон номзади илмҳои фалсафа, дотсент Бердиев Ш. П. ба ӯҳда дорад.

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj