Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ |
Таърихи кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 1989 бо мақсади тарғиб, густариш ва такомули забони тоҷикӣ, инчунин бозкушоии моҳияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар факултаҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзии донишгоҳ ташкил шудааст.Фанни «Забони тоxикӣ» ба гурӯҳи фанҳои ҳатмии бахши фанҳои гуманитарӣ аз рӯи ихтисоси 1-020601-00 дохил мешавад. Мақсади асосии таълими ин фан омӯзиши қоидаҳои навишт, аломатҳои китобат, аз худ намудани масоили марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ, муаррифии дурусти масъалаҳои ихтисосӣ, мукотиботи тахуссусӣ, истифодаи дуруст ва самараноки луғатҳои соҳавӣ, ибораҳои ихтисосӣ, услуби машқҳои ихтисосӣ, кор бо матнҳои марбута ва таҳлили онҳо, ташаккули нутқи донишҷӯён, одоби муошират, такмили тавоноии шогирдон дар иншои эссесҳо мебошад. Кафедра дар замони таъсисаш аз 14 нафар омӯзгор иборат буд. Он солҳои 1997- 1999 ва 2012 – 2014 бо кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи тоҷик муттаҳид гардид. Аз соли 2015 инҷониб ба сифати кафедраи мустақил амал менамояд. Замони Истиқлол барои рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам овард. Дар ин замина, омӯзиши забони тоҷикӣ дар стандартҳо ва нақшаҳои таълимии тамоми факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Дар ин росто, устодони кафедра омӯзиши забони тоҷикиро дар тамоми факултаҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзии донишгоҳ роҳандозӣ намуда, аз усулҳои фаъоли таълиму тадрис истифода мебаранд. Ногуфта намонад, ки дар солҳои аввали таъсиси кафедра дар баробари таълими забони тоҷикӣ, инчунин фанҳои хати ниёгон (хушнависӣ) ва ҳусни баён аз ҷониби устодони кафедра тадрис мегардид. Дар солҳои гуногун кафедраро олимони варзидаи соҳа ва устодони ботаҷриба номзади илмҳои филология, дотсент Карамхудоев Нодир (1989-1996), доктори илмҳои филология, профессор Бобокалонова Ҷонон (1996-1997), номзади илмҳои филология, дотсент Маҳмудов Мансур (2000 - 2007), доктори илмҳои филология, профессор Исмоилов Шамсулло (2007-2008), доктори илмҳои филология, профессор Сабзаев Саидқул (2008-2010), номзади илмҳои филология, дотсент Алиев Одилҷон (2010-2012), муаллими калон Саидова Ҷамила (2015-2017) роҳбарӣ намудаанд. Таълифоти олимони кафедра Бобокалонова Ҷонон «Нақши занон дар номаҳои шоҳон», «Боли ҳунар», Исмоилов Шамсулло «Раҳнамои таҷрибаи шевашиносӣ», Саидқул Сабзаев «Забони тоҷикӣ», китоби дарсӣ барои синфи 5, «Каломи Президент дар таълими забон», «Сухан рӯдакивор некӯ бувад», «Мақоми сухан дар рӯзгори Имоми Аъзам Абуҳанифа» аз дастовардҳои илмиву таълимии кафедра маҳсуб мегарданд. Дар назди кафедра маҳфили «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» амал мекунад, ки бобати дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани толибилмон, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳтироми рукнҳои давлатдории миллӣ саҳм мегузорад. Аз соли 2017 ба ин сӯ мудирии кафедраро доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра номзадҳои илм Хокироев Ризо ва Исматуллоев Мирзо, муаллимони калон Саидова Ҷамила, Неъматова Дилафрӯз, ёварон Каримова Мастона, Иброҳимова Гуландом, Ҳамроев Равшан, Раҳимова Ҳамроза, Ҷӯраева Хубонгул ва Нӯъмонзода Марям фаъолият доранд.
|