• Tajik
  • Russian
  • English
Wednesday, 15 March 2017 05:53
There are no translations available.

Вохӯрии раис бо донишҷӯён

Рӯзи 21-уми феврал дар бинои асосии донишгоҳ вохӯрии раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариффайз бо донишҷӯёни шаҳри мазкур баргузор гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагон аз мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Нахуст Шарифзода Шариффайз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавзеҳ бахшида, донишҷӯёнро бо эълон гардидани Соли ҷавонон табрик гуфт.

Сипас, Раъно Бобоҷониён ҷавононро неруи мутаҳаррики ҷомеа номида, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз ин имконоту шароити мусоид босамар истифода баранд. Зеро дар бозори ҷаҳонии меҳнат ниёз ба мутахассис зиёд аст. Ҳамчунин, қайд кард, ки имрӯз дар Ватани мо сулҳу ваҳдат ва якпорчагӣ дида мешавад. Духтарон баробари писарон таҳсил карда истодаанд. Бе фаъолияти зан ҷомеаи кунуниро сохтан номумкин аст.

Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дар Паёми Президент тамоми бурду бохти миллат дар зарфи 25 сол дарҷ гардидааст. Чун имсол Соли ҷавонон эълон гардидааст, моро мебояд, ки рисолати ҷавонии худро бо сари баланд иҷро намоем. Ҳаёти ҷавонии худро аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир нигоҳ дорем. Хушбахтона, 23-юми май вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 30 ҳазор ҷавон дар яке аз майдонҳои бузург баргузор хоҳад гардид.

Дар охир Раъно Ҳошимзода ба донишҷӯёни аълохон сипоснома тақдим намуд ва ба ҳамаи донишҷӯёне, ки дар ин вохӯрӣ иштирок доштанд, кумакпулии яквақта тақдим гардид.

Шаҳлои Исрам, хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj