• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Дастгирии Ятимони кул

Директори Парки технологии донишгоҳ С.Мардонов 1 марти соли равон бо донишҷӯёни ятими кул мулоқот барпо намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Парки тенологӣ аз якчанд сохтор: сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, чопхона, курсҳои репетиторӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ иборат аст.

Директори Парки технологии донишгоҳ С.Мардонов 1 марти соли равон бо донишҷӯёни ятими кул мулоқот

барпо намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Парки тенологӣ аз якчанд сохтор: сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, чопхона, курсҳои репетиторӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ иборат аст.

 

Ҳоло дар донишгоҳ 34 ятими кул таҳсил менамоянд ва онҳо метавонанд ба таври ройгон аз хизматрасониҳои Парки технологӣ васеъ истифода намоянд. Масалан, дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таҳсил карда соҳиби сертификат гарданд ва ё дар сехи дӯзандагӣ либосҳояшонро дӯзонанд. Муқовабандии корҳои дипломиву курсиро дар матбаа анҷом додан имконпазир аст. Мутахассисони сартарошхона низ ба хизмат омода ҳастанд.

С.Мардонов, таъкид сохт, ки ба ҳама зерсохторҳои парки технологӣ рӯйхати ному насаби ятимони кул дастрас аст ва дар ин ҷода ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад.

Дар вохӯрӣ роҳбарони зерсохторҳо ҳузур доштанд ва ҳамаи онҳо сохторҳояшонро муаррифӣ намуданд.

Дилафрӯз Муқимова,
хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»
 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj