• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Факультеты

Физика
There are no translations available.

Роҳандозии намоиши китоб ва ихтирооти физикӣ дар ҳошияи Конфронси илмӣ-амалӣ

Баргузории намоиши даҳҳо китобҳои Пешво ва кутуби соҳавӣ як барномаи дигари Конфронси илмӣ-амалӣ буд.

Дар ҳошияи Конфронси илмӣ-амалии “Проблемаҳои муосири рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ” мутасаддиён намоиши китобҳо ва ихтирооти физикиро баргузор карданд.

Дар намоиши китоб даҳҳо номгӯ китобҳо аз Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобҳои ихтисосӣ дар маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Аз ҷумла ширкаткунандагон тавонистанд аз Пешвои миллат ва дар бораи ӯ бо китобҳое чун “Эмомалӣ Раҳмон ва соли Имоми Аъзам”, “Пешво ифтихори миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рӯдакӣ”, “Фархундапай”, “Баёзи ваҳдат”, “Ваҳдатнома” ва ғайра ошно шаванд.

Дар тарафи муқобил китобу дастурамалҳои илмиву таълимӣ, ки муаллифони аксари онҳо устодони Донишгоҳи омӯзгорӣ буданд ва онҳо дар солҳои гуногун чоп шудаанд, гузошта шуда буданд.

Дар лаҳзаҳои фориғ аз кори Конфронс ширкаткунандагон имкон доштанд китобҳое чун “Раҳнамои физика ва матемактика”, “Асосҳои физикаи квантӣ”, “Лаппиш ва мавҷҳо”, “Физикаи молекулавӣ”, “Асосҳои физикаи гармо” ва ғайра ошноӣ пайдо кунанд.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj