• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ШАШМОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар пешрафти самти кори таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисоду хоҷагидорӣ кӯшишу талоши пайваста ба харҷ дод.

Дар ин давра ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими мақоми муассиса ҳамчун маркази омодасозии омӯзгорони касбӣ корҳои назаррасро анҷом доданд.

 
Хабарҳо - Тарбия

ТАҶДИДИ КОМИЛИ ҚАБАТИ ПОЁНИИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар факултети химия корҳои васеи таъмири асосӣ оғоз гардиданд.
Дар ин марҳилаи навсозӣ қабати поёнии бинои факултет пурра аз таъмири капиталӣ бароварда мешавад. Дар доираи корҳои анҷомшаванда дару тирезаҳои мавҷуда пурра иваз гардида, низоми обтаъминкунӣ ва корез, инчунин шабакаҳои таъминоти неруи барқ
 
Хабарҳо - Тарбия

КОРҲОИ ТАЪМИРИЮ ОБОДОНӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА ОҒОЗ ГАРДИД
Бо дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло ва дар доираи сиёсати ободониву беҳсозии муҳити таълим, дар факултети математика ва информатика корҳои васеи таъмиру навсозӣ оғоз гардид.
Дар доираи ин тадбирҳо роҳравҳо ва зинапояҳои се ошёнаи бинои факултет пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо тарҳи муосир навсозӣ мешаванд. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ пурра иваз гардида, намунаҳои замонавӣ насб
 
Хабарҳо - Тарбия

ОҒОЗИ КОРҲОИ НАВСОЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар факултети физика корҳои таъмиру навсозии бино оғоз гардид.
Тибқи нақша, роҳравҳо, зинапояҳо ва тирезаҳои се ошёнаи факултет пурра азнавсозӣ шуда, бо истифода аз масолеҳи муосир таъмир мегарданд. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ пурра иваз гардида, бо намунаҳои нав ва мутобиқ ба талаботи бехатарӣ насб карда мешаванд.
 
Хабарҳо - Тарбия

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


Страница 1 из 85
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj