• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Туризм ва методикаи таълими география

Туризм ва методикаитаълими география

 

Мудири кафедра

МУХАББАТОВ Холназар

 

Кафедраи туризм ва методикаи таълими география аз соли 1997 амал мекунад. Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва омӯзонидани методҳои гуногуни таълими асосҳои география дар мактаб аст.

Дар кафедра фанҳои асосҳои туризм, кишваршиносӣ, иқтисодиёти туризм, техника ва услуби туризм, ҳуҷҷатгузории туристӣ, методикаи таълими география, тайёр кардани воситаҳои айёнӣ таълим дода мешавад. Соли 2002 аввалин мутахассисони соҳаи туризм ба муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фиристода шуданд.
Кафедра инчунин таҷрибаомӯзии донишҷуёнро амалӣ мекунад. Таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои ш. Душанбе бо роҳбарии методистони варзидаи кафедра гузаронида мешавад. Омӯзгорони оянда дар рафти таҷрибаомӯзӣ бо усулҳои дарс ва таълиму тарбия шинос шуда, маҳорат ва малакаи касбӣ пайдо мекунанд. Дар рафти таҷрибаомӯзии сайёҳӣ бошад, донишҷӯён ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар карда, бо манзараҳои зебои табиат, урфу одати мардум ва ёдгориҳои табиию таърихии минтақаҳои гуногунии ҷумҳурӣ аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд.
Дар давраҳои гуногун омӯзгорони варзида ба монанди Пӯлодов Т.П., дотсент Яҳёева М.Я., дотсент Қаюмов Л.Ю., профессор Баҳриддинов Н., дотсент Диловаров Р.Д., дотсент Ашурова Д. мудирии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2007 инҷониб доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х. роҳбарии кафедраро ба зима дорад. Имрӯз дар кафедра як доктори илм, як номзади илм, ду муаллими калон ва се ассистент фаъолият доранд.
Устодони кафедра дар мавзӯъҳои истифодаи самараноки захираҳои рекреатсионию туризми минтақаҳои табиии Тоҷикистон, ҳифзи сарватҳои табиӣ, омӯзиши минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, роҳҳои самараноки кишти зироатҳои кишоварзӣ дар шароити минтақаҳои баландкӯҳ, саҳми экспедитсияи тоҷику Помир дар тадқиқи захираҳои рекреатсионӣ ва туризми Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ мебаранд.
Устодони кафедра солҳои охир як қатор корҳои илмӣ, аз ҷумла «Ганҷинаи табиати Тоҷикистон» (1987), «Табиату сарватҳои кӯҳсор» (1990), «География» (1990), «Ресурсы горного Таджикистана» (1999), «Ҷуғрофияи Тоҷикистон» (китоби дарсӣ, 2000), «Об – манбаи ҳаёт» (2003), «Таджикистан – источник пресной воды в Центральной Азии» (2003), «Памир: природный потенциал и перспективы развития экономики» (2005), «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» (китоби дарсӣ, 2006), «Географияи Тоҷикистон» (китоби дарсӣ, 2009), «Вертикальная зональность растениеводства в Гиссаре-Дарвозском регионах Таджикистана» (2009) нашр намудаанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru