• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

Ҳисоботи

факултети биология дар давоми ҳафта

Ҳафтаи гузашта (аз 28.11. то 05.12.) дар факултет аз тарафи садорат ва устодони кафедраҳо як силсила корҳо анҷом дода шудаанд.

Номгӯи баъзе корҳои амалигардида :

28.11.2017 вохӯри бо донишҷӯёни курсҳои сеюми  шуъбаи ғоибонаи факултет  оид ба қойдаҳои тартиботи дохилии донишгоҳи ва сару либоси тавсиявии донишҷӯён сӯҳбатҳо гузаронида шуд;

28.11.2017 назорати пайвастаи пагоҳирӯзии донишҷӯён дар даромадгоҳи донишгоҳ барои дермонӣ ва риояи намудани сару либос;

29.11.2017 сафарбар намудани 15-нафар донишҷӯёни фаъоли факултет дар «Маҳфили зарифон» дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

30 – ноябр дар толори фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯён бахшида ба “Соли ҷавонон” шабнишинии “Иди меҳргон” баргузор гардид.

1 декабр дар ҳар як гурӯҳи академӣ бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии пешгирии бемории СПИД»  соати тарбиявӣ гузаронида шуд.

03.12.2017 шанбеги дар факултет гузаронида шуд;

Рӯзи 05.12. 2017 соати 1200 дар толори калони асосӣ  мизи мудавар дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати тиббии мардум» бахшида ба кор ва фаъолияти Мирзоюсуф Тоҳирӣ –шоири Зарафшонӣ, табиби халқӣ, таърихчӣ, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, беҳтарин табиби халқии Тоҷикистон дар соли 2010 ва ѓолиби озмуни табибони халқӣ дар соли 2013 баргузор гашт.

Дар санаҳои  16.11. то 18.11. 2017 сол мусобиқаи байналмиллаи бахшида ба 25-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Корея оид ба теквандо шуда гузашт дар он  донишҷӯйи соли якуми факултет бо ихтисоси биология-экология Ибодов Шодмон иштирок намуда сазовори  ҷойи сеюм гашт ва бо ифтихорнома ва медал қадрдони карда шуд.

 

Декан  Шарипов М.

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj